ЛИЧНЫЙ КАБИНЕТ

             Нет учетной записи? Зарегистрироваться

Видео Репортер.Tj

Сейчас на сайте

Сейчас 62 гостей онлайн

Наши проекты

MultiMediaBlog.ru - Блог посвящённый современным мультимедийным технологиям

Manu-Tu.tj - Сайт газеты "Ману Ту"

Jomea.tj - Сайт газеты "Джомеа"

Parvin.tj -Официальный сайт газеты "Парвин".

GazetaSugd.tj -Официальный сайт газеты "Сугд".

MuhabbatVaOila.tj -Официальный сайт газеты "Мухаббат ва Оила".

TodayTj.wordpress.com - Блог новостей "Таджикистан Сегодня"

JovidMuqim.wordpress.com - Блог Джовида Мукима, профессора факультета журналистики ТНУ

IjodiMan.wordpress.com - Блог начинающего писателя нового поколения!

VorisTj.wordpress.com - Блог посвящённый авторскому творчеству поэта Уруни Назара (Ворис).

M@ТРИЦА

705
первый молодёжный проект Интерньюс в Центральной Азии

Twitter

  • ReporterTj

    I posted 7 photos on Facebook in the album "Фотожурналистика. Момент." http://fb.me/z6QubZIu

    by ReporterTj about 10 hours ago

  • ReporterTj

    Как вы думаете? Может ли журналист быть эмоционально не вовлеченным в события о которых пишет? Просто освещать и... http://fb.me/DqGlQtYr

    by ReporterTj 03.09.2010 10:35

Партнеры

 

Мы вас посчитали!

Пользователи : 854
Статьи : 2964
Просмотры материалов : 1056262

Сделай доброе дело



free counters
SocialTwist Tell-a-Friend
Рейтинг пользователей: / 0
ХудшийЛучший 
Вазъияти  қазияҳои  ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ  дар Тоҷикистон  мувофиқи даъвоҳои  охирини  судӣ чунин   аст:  
  
Осмони  нисбатан софу беғубори ВАО-и Тоҷикистон, ҳанӯз соли гузашта, бо абрҳои тира пӯшонида шуда буд.     Тундари аввалин моҳи сентябри соли гузашта сар зад, ки он ҳангоми  пеш овардани даъвои судии   Оҷонсии «Тоҷикстарндарт»  нисбати  рӯзномаи «Пайкон»   оғоз шуд.  Оҷонсии «Тоҷикстандарт»   барои  нашри  изҳори  кушодаи гурӯҳи соҳибкорон  ба Президенти ҶТ, ки дар он фаъолияти  оҷонсӣ  мавриди танқид  қарор гирифтааст,  аризаи даъвогӣ  оид ба  ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ пешниҳод намуда,    ҷуброни маънавӣ  талаб кард.   Тибқи қарори  Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 26.10.2009,  рӯзномаи «Пайкон»     дар   поймол кардани  шаъну шараф   ва обрӯи  кории  Оҷонсии «Тоҷикстандарт гунаҳкор дониста шуд.       Рӯзнома вазифадор   карда шуд, ки ба даъвогар  300 ҳазор сомонӣ (қариб 50 ҳазор евро) ҷуброни  маънавӣ   пардохт намояд.  

Рӯзнома  нисбати ҳукми мазкур   бо тартиби кассатсионӣ ба  суди ш. Душанбе бо аризаи  норизоӣ  муроҷиат намуд.    26.01.2010   коллегия  оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди ш. Душанбе    қарори суди авваларо бетағйир гузошта, танҳо калимаҳои «шаъну шараф»-ро ихтисор намуд.   

Рӯзномаи «Пайкон» тасмим  гирифтааст, ки аз  болои  ҳукми  суди шаҳр   ба  суди Олии  ҷумҳурӣ  бо аризаи норизоӣ муроҷиат намояд.  
    
 Даъвоҳои судӣ  нисбати рӯзномаҳои «Пайкон»,  «Азия Плюс», «Миллат»
   
Баъдан якбора 4  даъво  дар давраи 25 то 28 январ солӣ равон.   Аризаи мазкур аз ҷониби намояндаи  Вазорати кишоварзӣ  аз болои рӯзномаи «Миллат» даъво оварда, талаб намуда буд, ки рӯзнома ба андозаи як миллион сомонӣ (қариб 229 ҳазор доллари ИМА) зарари маънавӣ ҷуброн кунад.  



Баъдан,  аризаи  даъвогии   судяи Суди Олии ҶТ,  ҷаноби Нуров Нур Эрмонович  нисбати   рӯзномаҳои  хусусии  «Азия-плюс», «Фараж», «Озодагон» ва  адвокат Солиҷон Ҷӯраев оид ба ҳифзи  шаъну шараф ва обрӯи корӣ.   

Аризаи даъвогии   судяи Суди Олии ҶТ ҷаноби Маҳмадшоев Улуғбек  нисбати  рӯзномаҳои  хусусии «Азия-плюс», «Фараж», «Озодагон» ва адвокат  Солиҷон Ҷӯраев оид ба ҳифзи шаъну шараф ва обрӯи корӣ.  

Аризаи даъвогии судяи Суди ш. Душанбе, ҷаноби Додометов Фахриддин  аз болои рӯзномаҳои  хусусии «Азия-плюс», «Фараж», «Озодагон» ва  адвокат  Солиҷон Ҷӯраев оид ба ҳифзи шаъну  шараф  ва обрӯи корӣ.  
Зарари  маънавӣ  ва ахлоқии  худро ҷанобон чунин баҳогузорӣ намуданд:  
ҷ-би Нуров 3 млн. сомонӣ; 
ҷ-би  Маҳмадшоев 2 млн.сомонӣ;
ҷ-бӣ  Додометов 500 ҳазор сомонӣ.
Аризаҳои  даъвогӣ  25 январи соли 2010 ба Суди ноҳияи Синои ш. Душанбе равона шудаанд.   Матлаби аризаҳои даъвогӣ  ҳифзи  шаъну шарафи  шахсӣ ва обрӯи кории судяҳои номбурда мебошад.  
Сабаби  пеша кардани аризаи даъвогӣ   ба табъ  расидани изҳори  кушодаи   адвокат Ҷӯраев мебошад, ки «Қазияи исфарагиҳоро»   намояндагӣ мекард  (судя Нуров Н.Э),  қазияи  чаноби Розиқов, собиқ  раиси  Нозироти андози ноҳияи Ҳисор (судя Маҳмадшоев), қазияи соҳибкор Турманов   (судя Додометов Ф.). 
2 феврали соли 2010 вохӯрии аввалини даъвогарону ҷавобгарон дар Суди ноҳияи Сино баргузор гардид. Пешниҳоди судя дар бораи  муросои  тарафҳои  муноқиша  дастгирӣ карда нашуд. 
Рӯзи 23 феврали соли 2010  ҷаласаи навбатии суд баргузор  мегардад. 
 Дастрасӣ ба иттилоъ  қонунҳои оид ба дастрасӣ ба иттилоъ 
Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар мавриди   дастрасӣ ба иттилоъ дар Тоҷикистон  дар асоси  Сарқонун  ҶТ танзим карда мешавад. (моддаи 30  Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст).
санадҳои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби ҶТ эътироф шудаанд (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар,  пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ), қонунҳои соҳавӣ  оид ба  «Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»,  «Оид ба телевизион ва радиошунавонӣ»,    «Оид ба иттилоъ»,  
 «Оид ба муроҷиати шаҳрвандон» 

Қонунҳои махсус «Оид ба дастрасӣ ба иттилоъ»,   асноди зерқонунӣ    ва меъёрӣ ба монанди  фармони Президенти ҶТ № РП-1677 аз 4 марти соли 2005  дар бораи  «Ташкил ва гузаронидани конфронсҳои матбуотии кварталӣ»,  фармони Президенти ҶТ № 622  аз  7 феврали соли  2009   дар бораи «Вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»  ва қарори Ҳукумати ҶТ № 610 аз 31 октябри соли 2009 дар бораи «Тартиби  ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст» . 

Дар бобати ҳуҷчати охирин аз ҷониби ВАО,  институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва  коршиносон   маломату  мулоҳизаҳои  танқидии зиёд гуфта шуд.    Нафарони зиёд    иброз доштанд, ки  ҳуҷчати мазкур ҳуқуқи конститутсионии      шаҳрвандонро  дар мавриди    дастрасӣ  ба  иттилоъ   маҳдуд  месозад.     Вале то имрӯз аз ҷониби таҳиягарони  санад  ягон  вокунише  дида нашудааст.  
Дар бобати  ду  санади зерқонуни дигар    қайд кардан лозим аст, ки  фармони  № РП-1677 ва  фармони  № 622 бо мақсади осон кардани фаъолияти ВАО дар мавриди дастрасӣ  ба иттилоъ қабул шуда буданд.  Ба ин нигоҳ накарда,  ҳоло ҳам баъзе журналистон ва ВАО ба мушкилии дастрасии иттилоъ  ва риоя накардани  меъёрҳои  дар  санад овардашуда аз ҷониби мансабдорон арзи шикоят  мекунанд.   Дар ин бора натиҷаҳои мониторинги  медиа-ассотсиатсияҳои Тоҷикистон, хусусан НАНСМИТ, инчунин хабарҳои ВАО-и чопӣ дар бораи   сарфи назар кардани    фармони  маъруфи  № 622 шаҳодат медиҳад.  
 
Мавод  аз ҷониби Намояндагии ОБСЕ дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст.