Ба таваҷҷӯҳи журналистони Тоҷикистон! Озмуни мақолаҳо бахшида ба мавзӯъҳои муҳими ҷамъиятӣ ва фоторепортажҳо дар бораи ҳаёти кишвар ба анҷом хоҳад расид. Қабули мавод то 5 феврал идома меёбад. Ғолиб моҳи майи соли равон дар фестивали матбуоти Маскав Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
Барои иштирок дар озмун ба нишонаи
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
ва ё дафтари Интернюс Нетуорк: Душанбе, кӯчаи Академикон Раҷабовҳо, хонаи 7 ҷузъҳои дар поён овардашударо фиристодан лозим аст.
-Як мавод ва ё силсилаи мақолаҳое, ки ба як мавзӯъ бахшида шуда, идомаи якдигар мебошанд. Ба мақолаҳои тоҷикӣ тарҷумаи забони русӣ илова намоед. Дар ҳолате, ки чунин имкон надоред, мо тарҷумаро ба ӯҳдаи худ мегирем.
-нусха ва ё аксҳои аслӣ, ки ҳангоми нашри мақола истифода шудаанд (агар бошад);
-нусха ва ё шумораи аслии рӯзномае, ки мавод дар он нашр гардидааст, скриншоти саҳифаи интернетие, ки мақола ҷойгир карда шудааст.
-маълумоти кӯтоҳ дар бораи худ: на бештар аз як сархат. Ҷойи кори шумо, таҳсилот, маълумоти иртиботӣ;
-пешниҳоди нусхаи ҳуҷҷат ва ё сабтҳои аудио (видео), ки ҳангоми навиштани мавод ҳамчун асоси исботкунанда истифода шудаанд, хуш пазируфта мешаванд!
Ҳакамони озмун ба ҷузъҳои зерин баҳо мегузоранд: Муҳимии мавзӯъ барои ҷомеа, то кадом дараҷа мавзӯъ ба ҷамъият таъсир мерасонад; истифодабарии сарчашмаҳои зиёди иттилоъ, амиқии инъикосӣ мавзӯъ, дақиқ ва равшан баррасӣ кардани он.Ба мақолаҳое, ки таваҷҷӯҳи оммаро ҷалб намуда, барои ҳалли проблемаҳои гурӯҳи одамон ва ё нафари алоҳида кӯмак кардаанд, бартарият дода мешавад.
Ҳамаи маводро ба нишонаи
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
ва ишораи «Озмун» равон кунед. Мақолаҳо аз чониби аъзои ҳакамони байналхалқии озмун «Лучшая региональная газета» (Рӯзномаи беҳтарини минтақавӣ) баҳогузорӣ карда мешаванд. Озмун моҳи феврали соли 2010 дар Маскав ҷамбаст гардида, ғолиб ба конфронси байналхалқии «Рӯзномаи маҳаллӣ дар маркази ҳодиса», ки дар Маскав баргузор мегардад, роҳхат мегирад. Ҳама хароҷотро муассис ба ӯҳдаи худ гирифтааст.