Моҳи октябр дар Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург лоиҳаи калонтарини беҳудуд – Озмуни байналхалқии журналистӣ «Мутахассиси беҳтарин» оғоз гардид. Муаррифии он дар чорчӯбаи Анҷумани чаҳоруми байналхалқии журналистони ҷавони Евразия «Муколамаи фарҳангҳо» сурат гирифта буд. Мақсади озмун аз дарёфти мутахассисони беҳтарини фазои Аврупову Осиё, ки намояндагони паҳлӯҳои гуногуни журналистика мебошанд, иборат аст. Эҷоди онҳо ба васеъгардонии ҳамкории башарӣ ва мубодилаи фарҳанг байни кишварҳои ИДМ ва мамолики назди Балтик ёрӣ мерасонад.
Ҳангоми нақл дар бораи муҳимии озмун, Котиби генералии Конфедератсияи байналхалқии иттиҳоди журналистон Ашот Ҷазоян, қайд намуд, ки дар давоми бист соли охир дар фазои пасишӯравӣ насли нави журналистон пайдо шудаанд, ки аз бӯи «ҷанги сард» заҳролуд нагашта, дар бораи империализми бузург андеша намекунанд. Журналистони ҷавон ҳамсолони Интернет буда, одамони ақидаи нав мебошанд. Муассисони озмун умедворанд, ки эҳсоси мулоқоти инсонӣ ва касбии мо барои бартараф намудани қолабҳои кӯҳна ва дарёфти шаклҳои нави муколама ёрӣ мерасонад.
Пешниҳоди номзадҳо аз ҷониби иттиҳод ва ассотсиасияҳои миллии журналистӣ, коллективӣ редаксия, инчунин муассисаҳои дигар, ки дар соҳаи ВАО новобаста аз шаклҳои ҳуқуқӣ-иттилоотӣ фаъолият доранд, амалӣ мегардад. Дар сомонаи «Евразия Медиа-Центр» («Маркази медиаи Евразия») саҳифаи бисъёрвазифа, интерактивӣ ва ҳимояшудае таъсис дода шудааст, ки он барои нашри маводи номзадҳо ва ташкили райпурсии on-line ва off-line-ӣ, ки пурра фазои пасишӯравиро фаро мегирад, мусоид аст.
Дар ҷамъбасти озмун, моҳи декабри соли 2010 маросими мукофотонии ғолибон баргузор мегардад. Инчунин нашри маҷмуаи маводу аксҳои беҳтарини ба озмун фиристодашуда, пешбинӣ шудааст. Намоиши аксҳо ва маводи телевизионие, ки дар мавзӯи «Ман чунин зиндагӣ мекунам» таҳия шудаанд, инъикосгари вазъи воқеии ҷараёни ҷамъиятӣ- иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои ҳамсарҳад мебошанд.
Озмун бо панҷ равия гузаронида мешавад:
«Барномаи беҳтарини телевизионӣ /филми телевизионӣ» (мукофоти пулӣ- 500 ҳазор рубл);
«Барномаи беҳтарини радио/радиосюжет» (250 ҳазор рубл);
«Маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ» (250 ҳазор рубл);
«Маводи беҳтарин дар нашрияи интернетӣ» (150 ҳазор рубл);
«Акси беҳтарин/ фоторепортаж» (150 ҳазор рубл).
Натиҷаи озмуни « Мутахассиси беҳтарин»-ро ҳакамоне, ки аз намояндагони маъруфи иттиҳоди касбии журналистии кишварҳои узви ИДМ иборатанд, муайян месозанд. Ғолибон ва ҷоизадорони озмун моҳи декабри соли 2010 ба маросими тантанавӣ ба Маскав даъват шуда, бо дипломи лауреат, ҷоизаи пулӣ, тӯҳфаи хотиравӣ ва нишони фахрӣ қадр карда мешаванд.
Маводи пешниҳодшуда, бояд дорои тарҷумаи таҳтуллафзӣ бо забони русӣ бошад.
Ба озмун маводи журналистие, ки аз 15 октябри соли 2009 то 15 октябри соли 2010 дар ВАО-и чопӣ, ТВ ва радио таҳия шудаанд, қабул мешаванд. Ба ғолибони озмун дипломи лауреати ҷоиза, тӯҳфаи хотиравӣ ва нишони фахрӣ супорида мешавад.